LIVE

13 голи “Локомотив ” ба дарвозаи “Шоҳмансур"

Дар бозии охирини Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе дастаҳои "Куктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ ва “Истиқлол”-и  Душанбе вохӯрӣ анҷом доданд. Дидори  дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо ҳисоби миниамилии 1:0 ба суди сощибони майдон хотима ёфт. Ягона голи ин рақобатро  дар пайти дуюми дидор Шаҳбоз Эркинов ба самар расонид. Ин пирӯзии сеюми дастпарварони Виталий Левченко дар  Ҷоми ФФТ ба ҳисоб меравад. Дар дидори дигари ҳамин давр тими "Локоматив-Помир" бо ҳисоби бузурги 13:0  дастаи “Шоҳмансур"-ро мағлуб намуд. Ҳамакнун ду дастаи шаҳри Душанбе “Истиқлол” ва “Локомотив-Помир” аз гурӯҳи А ба даври ниҳоии Ҷоми ФФТ роҳ ёфтанд. Дастаи “Куктош” ва “Шоҳмансур” аз идомаи рақобатҳо бенасиб монданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив