LIVE

"Локомотив" як қадами дигар ба Лигаи олӣ наздик шуд

Дастаи "Локомотив-Помир" дар бозии мавқуфгузоштаи даври 23-юми Лигаи якум бар тими "Душанбе-83" ғалаба намуд. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат гирифта, бо ҳисоби 3-0 ба фоидаи шогирдони Зайниддин Раҳимов хатм шуд. Голҳоро Эмомалии Аҳмадхон, Исроил Холов ва Шарифбек Раҳматов ба самар расониданд. 
Пас аз ин ғалабаи худ "Локомотив-Помир" бо касби 55 имтиёз ба зинаи дуюм баромад. Барои "Локомотив-Помир" зарур аст, ки дар ду дидори боқимондааш бо "Баркҷӣ" ва "Шоҳмансур" ғалаба кунад то ин ки қаҳрамони Лигаи якум бигардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив