LIVE

“Куктош” дарвозаи “Шоҳмансур”-ро голборон сохт

Вохӯрии дастаҳои “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва “Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, бо ҳисоби бузурги 8 бар 1 ба суди футболбозони ноҳияи Рӯдакӣ хотима ёфт. Аз ҳайати тими “Куктош” - Фирӯз Қараев муаллифи ду гол гашт. Абдурасул Раҳмонов хеттрик намуда, Азизбек Султонов, Муҳаммад Гуляев ва Собир Холматов ба задани як тӯби даст ёфтанд. Ягона голи футболбозони шаҳри Душанберо Қосим Музаффаров марбути номи худ сохт. Ёдовар мешавем, ки дидори дастаҳо дар доираи рақобатҳои марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе дар гурӯҳи А доир гардиданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив