LIVE

ШИКАСТИ "МОҲИР" ДАР ФАРХОР

Дирӯз се бозии даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюм дар вилояти Хатлон баргузор гардиданд. Бозии марказӣ дар даври ҳабдаҳум ин рақобати дастаҳои “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор ва “Моҳир”-и ноҳияи Ёвон ба ҳисоб мерафт. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи ноҳия Фархор пуршиддат баргузор гашта, бо ҳисоби 1:0 ба суди мизбонон ҷамъбаст шуд. Ягона голро аз дастаи мизбонон Сайдалии Сафаралӣ дар дақиқаи 67-ум ба самар расониданд. Бояд ёдовар гашт, ки “Ҳосилот” дуюмин дастае мебошад, ки дар чемпионати имсола аз тими “Моҳир” имтиёз меситонад. Ҳамзамон, баъди ин ғалаба дастаи “Хосилот” бо 26 имтиёз дар зинаи сеюми ҷадвал қарор гирифт.
Дар ҳамин ҳол, дар ин давр дастаи “Кӯшон”-и ноҳияи Кӯшониён тими “Сарҳадчӣ”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро бо ҳисоби калони 8:2 шикас дод. Дар ин дидор, голҳои соҳибони майдонро Иззат Иброҳимов (9, 11, 55), Бахтиёр Иброҳимов (16, 19), Холмаҳмад Талбаков (30), Саймуҳиддин Саидмуртазоев (52, 80) ба самар расониданд. Муаллифи тӯбҳои меҳмонон Фирӯз Кадимов (2) ва Маъмур Ботуров (61) шуданд.
Дастаи "Барқ"-и шаҳри Норак дар бозии дигари ин давр аз тими "Вахши Зарнисор"-и ноҳияи Вахш бо ҳисоби минималии 3:2 ноком гашт. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Норак баргузор гашта, бар нафъи меҳмонон ба анҷом расид. Голҳои ғолибонро А. Давлатов (49), М. Давлатов (62) ва Б. Ҳалимов (90) ба ҳадаф расониданд. Тӯбҳои меҳмононро Акмал Қурбонов (4) ва Ҷаҳон Муродов (7) заданд.

“Ҳосилот” - “Моҳир” 1:0
“Кӯшон” - “Сарҳадчӣ” 8:2
“Барқ” - “Вахши Зарнисор” 2:3
Мавриди зикр аст, ки рӯзи 22 октябри соли равон тимҳои «Хуросон» - «Шоҳин», «Арал» - «Сарбанд» ва « Чашма» - «Пахтакор» миёни ҳам рақобат мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив