LIVE

Набарди «Хуҷанд» ва «Истиқлол» дар Ҷоми КФО-2019

Имрӯз, 19 июн байни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд    бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 баргузор мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз дастаи футболи «Дордой»-и Қирғизистон дар меҳмонӣ бо дастаи футболи «Алтин Асир»-и Туркманистон   рақобат мекунад. Бояд зикр кард, ки дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар минтақаи марказӣ дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бозии даври чорумро баргузор намуда буданд. Рақобати дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон дар шаҳри Ашқобод сурат гирифта, бо ҳисоби камтарини 1:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.

Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «Д» дастаҳои футболи «Дордой» ва «Истиқлол» байни ҳам рақобат намуданд. Дар ин дидор футболбозони «Истиқлол» бо ҳисоби 2:1 мағлуб шуданд. Ҳамин тавр, дастаҳои футболи «Хуҷанд» ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон   дар бозии даври чоруми гурӯҳи «Д» аз рақибонашон мағлуб гардида, аз се имтиёз маҳрум шуданд. Новобаста аз ин бохт, дастаи футболи «Истиқлол» бо касби 7 имтиёз садрнишини ҷадвали гурӯҳи «Д» боқӣ монд. Дар зинаи дуюм дастаи «Алтин Асир» бо доштани 6 хол ҷой гирифтааст. Дастаҳои футболи «Хуҷанд» ва «Дордой» бо 4- холӣ дар зинаҳои сеюм ва чорум қарор доранд. Ёдовар мешавем, ки бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар гурӯҳи «Д» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Дордой»-и Қирғизистон баргузор шуда, бо ҳисоби калони 4:1 ба нафъи шогирдони Ҳаким Фузайлов хотима ёфта буд.

Бояд илова намуд, ки   ин вохӯрии ҷолибро дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе зиёда аз 13 ҳазор нафар мухлисони футболи тоҷик тамошо намуданд. Бозиҳои даври ниҳоӣ 26 июн доир мегарданд. Дар даври шашум дастаи футболи «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастаи «Алтин Асир»-ро қабул менамояд. Дастаи футболи «Хуҷанд» бошад, дар меҳмонӣ бо тими «Дордой» бозӣ хоҳад кард. Хотиррасон менамоем, ки танҳо ғолиби гурӯҳи «D» ба даври дигари Ҷоми КФО-2019 роҳхат мегирад. Ба таваҷҷуҳи мухлисон ва тамошобинон расонида мешавад, ки шабакаҳои телевизионии “Варзиш” ва “Футбол” ин рақобатро ба таври мустақим намоиш медиҳанд.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив