LIVE

“Манако” ба даври навбатии Ҷоми Фаронса баромад

Дар бозии охирини даври 1/16 ниҳоии Ҷоми Фаронса дастаҳои “Монако” ва  “Сен-Прив”  вохӯрӣ анҷом доданд.  Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи «Стад де ла Сурс»-и шаҳри Орлеан баргузор гардида, бо ҳисоби 3 бар 1 ба суди тими “Монако” хотима ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 12-уми пайти аввал ҳамлавари тими “Монако” Балде Кейта кушод. Дар дақиқаи 28-ум Кейта ба номаш дублро сабт кард. Пеш аз анҷоми қисми аввал Виссам Бен Йеддер голи сеюми монегаскҳоро ба самар расонид. Ягона голи тими “Сен-Прив”-ро Карнежи Антуан марбути номи худ кард. Пас аз ин пирӯзӣ тими “Монако”  ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Фаронса баромад. Барои роҳхатҳои марҳилаи ¼ ниҳоӣ бошгоҳи “Монако”  бо тими “Сент-Этйен”  неру месанҷад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив