LIVE

“Истиқлол” Ҷоми КФО-ро бо ғалаба оғоз кард

Дар доираи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” вориди майдони рақобат шуданд. Бозии тимҳо ҷолиб сурат гирифта, бо натиҷаи 2:0 ба суди “Истиқлол” хотима ёфт. Дар ин дидор ҳарду голи ғолибонро Манучеҳр Ҷалилов муаллифӣ кард. Ҳамин тавр “Истиқлол” марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020-ро дар минтақаи марказ бо пирӯзӣ оғоз намуд. Баъди ин пирӯзӣ “Истиқлол” соҳиби се имтиёз шуда, дар гурӯҳи «D» пешсаф гардид. Акнун дар даври дуюм рӯзи 15-уми апрел “Истиқлол” ба меҳмонии “Алтин Асир” сафар мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив