LIVE

МЮ бори аввал зинаи якуми ҷадвали ПЛА-ро касб кард

    Бозии мавқуфмондаи даври якуми Чемпионати Англия миёни дастаҳои  "Бёрнли" ва "Манчестер Юнайтед"  доир шуд. Пас аз натиҷаи ин рақобат "Манчестер Юнайтед" ба садри ҷадвал баромад. Бинобар иттилои расонаҳо  аз соли 2013 инҷониб бори аввал аст ки, "девҳои сурх" пас аз 17 даври мусобиқот  зинаи якуми ҷадвалро  ишғол мекунанд.    Дар варзишгоҳи “Тёрф Мур”-и Бёрнли  бозии мавқуфмондаи  даври якуми  Премйер Лигаи Англия  миёни дастаҳои   "Бёрнли" ва "МЮ"  сурат гирифт.  Вохӯрӣ бо   ҳисоби 1 бар 0 ба суди   дастпарварони Уле Гуннар Сулшер поён пазируфт.  Муаллифи голи ягонаи дидор дар дақиқаи 71-ум  Пол Погба гардид.  Пас аз ин вохӯрӣ МЮ 36 имтиёз касб карда,  садри ҷадвалро ишғол намуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив