LIVE

Ҷадвали бозиҳои ПЛА нашр шуд

Премйер Лигаи Англия  санаи баргузоршавии бозиҳои даври 30-юм, 31-ум ва 32-юми чемпионатро интишор кард. Мавсими ҷории мусобиқот 17-уми июн дубора ба роҳ монда мешавад. Дар ин рӯз бозиҳои мавқуфмондаи даври 28-ум  байни дастаҳои «Манчестер Сити» — «Арсенал» ва «Астон Вилла» бо «Шеффилд Юнайтед доир мегарданд. Барои ҳарчӣ зудтар хотима додани  мавсим  бозиҳои даврҳои минбаъда  ҳамарӯза ба роҳ монда мешаванд.  Яъне аз 19 июн то 2 июл  мо метавонем бидуни  таваққуф   рақобатҳои Чемпионати Англияро тамошо кунем.  Бозиҳои марказӣ ва тамошобоби рӯзҳои наздик  инҳо мебошанд. 19-уми июн  “Тотенхэм” -   “МЮ”.  21-уми июн  “Эвертон” ва “Ливерпул”.  
То анҷоми мавсим 9 даври дигар боқӣ мондааст, вале тақдири  қаҳрамонӣ давоми 3 ҳафта  маълум хоҳад шуд. Ҳангоми танаффус “Ливерпул” паз аз 29 бозӣ бо 82 хол зинаи 1-уми ҷадвалро  ишғол мекуанд. Онҳо аз  дастаи дуюми ҷадвал - “Ман Сити”  25 хол  бештар ба даст овардаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив