LIVE

Рӯзи бозгашти футбол дар Англия маълум шуд

Мусобиқоти  Премйер Лигаи Англия 17-уми июн аз нав идома мекунад. Ин хабар дар сомонаи расмии созмон интишор ёфтааст. “Саҳҳомони Премйер Лигаи Англия  дар бораи санаи нави  ба роҳ мондани чемпионат  ба мувофиқа расиданд. 17 июн бо риояи қоидаҳои  ҳатмии беҳдошт бозиҳо доир мешаванд. Ҳамчунин дар бозиҳо ҳузури мухлисон манъ аст.  Вохӯрии дастаҳои  "Астон Вилла" ва "Шеффилд Юнайтед"  ва   Ман Сити" бо "Арсенал", ки бо сабаб   финали Ҷоми Лига ба мавқуф гузошта шуда буд, рӯзи 17 иню доир карда мешавад.  Даври нав бошад, рӯзи 19 июн   сурат мегиранд. Ёдовар мешавем, ки бозҳои  футбол дар Англия ва дар як қатор кишварҳои дигар моҳи март  бинобар падемияи Ковид -19  манъ  шуда буданд. То анҷоми  мависм 92 бозии дигар боқӣ мондааст. Дастаҳо аллакай тамринҳои дастаҷамъонаи худро  шуруъ намудаанд.  Баъд аз 29 даври муобиқот "Ливерпул" бо 82 имтиёз зинаи аввали ҷадвалро ишғол мекуанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив