LIVE

21-уми июн рӯзи бозгашти футбол дар Россия

Иттиҳоди футболи Россия ба хулосае омад, ки мавсим дар Чемпионати Россия идома мекунад. Дар мавриди баргузории Премйер-Лигаи Россия Иттиҳоди футболи ин кишвар дар саҳифаи расмии худ хабар дод. Бозгашти футболро ба рӯзи 21-уми июн вогузор карданд.  Ёдовар мешавем, ки қаблан моҳи март бинобар сабаби хуруҷи пандемияи коронавирус Премйер-Лигаи Россия ба мавқуф гузошта шуда буд.
Баъд аз даври 22-юм мақоми аввалро дар ҷадвали умумии Премйер-Лигаи Россия дастаи «Зенит» бо касби 50 имтиёз ишғол мекунад. Ба сегонаи беҳтаринҳо «Локомотив» ва «Краснодар» шомиланд. Дастаҳои "Ростов" ва “ССКА” низ барои дарёфти роҳхати мусобиқоти аврупоӣ талош доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив