LIVE

Рӯзи бозгашти Серияи А муайян шуд

Чанд муддат Италия аз рӯи сироятёбии беморони коронавирус дар қитъаи Аврупо ҷои якумро ишғол намуда буд. Хушбахтона, шумораи беморон ба маротиб поён рафта, аксари онҳо табобат ёфта истодаанд. Бо дарназардошти беҳтар шудани вазъ масъулин тасмим гирифтанд, ки Чемпионати кишвар оид ба футболро идома диҳанд. Мавсими 2019-20-и Серияи А  тобистон аз нав ба роҳ монда мешавад. Рӯзи 13 май  ҷаласаи ғайринавбатӣ доир гардид, ки дар рафти он аксари дастаҳо барои идома додани бозиҳо овоздиҳӣ намуданд. Рақобатҳо 13 июн доир мешаванд. Машқҳои гурӯҳӣ бошанд, аз 18 май шуруъ мегардаднд. Вазири варзиши Италия - Винчентсо Спадафора иброз дошт, ки дар сурати муайян намудани коронавирус дар организми яке аз бозигарон ё дигар ҳайати дастаҳо, ҳамон тим вазифадор аст, ки ба муҳлати 15 рӯз дар карантин нишинад. Ёдовар мешавем, ки бинобар хурӯҷи бемории сироятии Ковид-19 ҳама мусобиқаҳо дар Италия манъ шуда буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив