LIVE

Бозии «Юве» ва «Интер» бидуни мухлис мегузарад

Шаш дидори даври 26-уми Чемпионати Италия бо варзишгоҳи холӣ сурат мегирад. Дар ин бора  Football Italia хабар дод. 
Вазири варзиши  Италия - Винчентсо Спадафора тасдиқ кард, ки бозиҳои даври 26-уми Серияи А дар минтақаҳое, ки коронавирус ба қайд гирифта шуд, баргузор мегарданд, мухлисон ба варзишгоҳҳо роҳ дода намешаванд. 
Дар музофотҳое, ки аз бемории коронавирус  сироят ёфтаанд, чорабиниҳои варзишӣ аз ҷумла бозии марказии давр миёни дастаҳои «Ювентус» ва «Интер» бе ширкати мухлисон баргузор мешаванд. 
Ҳамчунин вохӯрии ҷавобии даври 1/16 ниҳоии Лигаи Аврупо миёни «Интер» ва «Лудогортс»  дар Италия нахустин дидоре хоҳад шуд, ки бидуни мухлис сурат мегирад. 
Бозии даври 26-уми Чемпионати Италия, ки мухлисон роҳ дода намешаванд, инҳоянд.  
«Удинезе» — «Фиорентина»
 «Милан» — «Ҷеноа»
 «Парма» — «СПАЛ»
 «Сассуоло» — «Брешия»
 «Ювентус» — «Интер»
 «Сампдория» — «Верона».

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив