LIVE

Роналду ба "Ювентус" иқбол овард

Дар бозии даври 10-уми Чемпионати Италия “Ювентус” бо дастаи “Ҷеноа” рақобат кард. Вохӯрии тимҳо дар майдони «Алянс»-и шаҳри Турин доир шуда, бо ҳисоби 2:1 ба суди “Ювентус” хотима ёфт. Дар ин бозии сахту сангин аниқтараш дар дақиқаи 96-уми бозӣ Криштиану Роналду аз зарбаи ҷаримавии 11 метра голи пирӯзиоварро ба дарвозаи “Ҷеноа” ворид намуда, “Ювентус”-ро аз чанголи "Грифонҳо" (саги дарозмӯи шикорӣ) раҳо намуд. Дар айни ҳол “Ювентус” бо касби 26 хол дар зинаи якуми ҷадвал қароро дорад.
Чемпионати Италия
Даври 10-ум
«Ювентус» — «Ҷеноа» — 2:1 (1:1)
Голҳо: Бонуччи, 36 (1:0). Куаме, 40 (1:1). Криштиану Роналду, 90+6 — пеналти (2:1).
«Каляри» — «Болоня» — 3:2
«Латсио» — «Торино» — 4:0
«Сампдория» — «Лечче» — 1:1
«Сассуоло» — «Фиорентина» — 1:2
«Удинезе» — «Рома» — 0:4
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив