LIVE

Иброҳимович 30 сол аст, ки дар дербии Милан гол мезанад

Ҳамлагари шведии дастаи «Милан» - Златан Иброҳимович дар даври 23-юми чемпионати Италия ба дарвозаи «Интер» голзанӣ намуд. Бо ин голи худ ӯ тавонист, ки дар дербии Милан рекорди нав гузорад. Златан Иброҳимович се даҳсола аст, ки дар дербии Милан гол мезанад. Нахустин бор ӯ ҳанӯз соли 2000-ум дар дербии Милан гол задааст. Ҳамчунин ин ҳамлагари 38 сола аз ҳама калонсолтарин футболбозе шуд, ки дар дербии Милан гол зад.  Ҳарчанд дар ин бозӣ Иброҳимовичи бечора ҳам гол заду ҳам партофти головар кард, аммо билохира дастаи ӯ аз “Интер” бо ҳисоби 4 бар 2 шикаст хӯрд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив