LIVE

Зарбаи сахти каронавирус ба футболи Италия

Италия дар чанд рӯзи охир ба маркази хурӯҷи коронавирус дар Аврупо табдил ёфт. Шумораи сироятёфтагони ин беморӣ рӯз ба рӯз не, балки соат ба соат зиёд мешавад. Рузи 22-юм ба ин  беморӣ  мубтало шудани 80 нафар хабар паҳн шуд ва бегоҳии 23-юми феврал бошад, он наздики 100 нафарро убур кард. Маркази хурӯҷи коронавирус дар Италия вилоятҳои Ломбардия хоса маркази он шаҳри Милан, Пемонт маркази шаҳри Турин ва Венетову Эмилие-Романйе дониста мешавад. Ҳукумати Италия дар роҳи пешгирии вирус таҷрибаи Хитойро истифода мебарад. Онҳо 11 ноҳияи кишварро барои карантин маҳкам карданд. Дар ин ноҳияҳо нуқтаҳои назоративу санҷишӣ таъсис дода шуд ва кори муассисаҳои ҷамъиятӣ муваққатан боз дошта шуд. Дар пасманзари чунин ҳолати ғайриинтизор ҳукумати Италия маҷбур шуд, қарорҳои таъҷилӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус қабул кунад. Театри маъруфи “Ла Скала” намоиши саҳнаҳои ба нақша гирифтаашро лағв кард. Хонаи муди “Ҷорҷио Армани” бори нахуст дар таърихи мавҷудияти хеш намоиши либосҳои худро бе тамошобинон гузаронид. Эҳтимол Карнавали машҳури Венетсия низ қабл аз муддат ҷамъбаст мегардад. Хурӯҷи коронавирус дар баробари таъсири манфӣ расонидан ба арсаҳои дигари ҳаёти сокинони Италия ба футболи ин кишвар ҳам нақш гузошт. Бинобар сабаби хурӯҷи коронавирус баргузории 4 бозии даври 25-уми Серияи А, ки мебоист шаби 23-юми феврал баргузор шавад, мавқуф гузошта шуд. Рӯзи шанбе 22-юми феврал хабари лағви 42 бозии футбол миёни лигаҳои ҷавонон ва ҳаваскори Италия нашр шуд. Аммо дар рӯзи якшанбе коронавирус ба дивизиони олии футболи Италия ҳам таъсири худро расонд. Бо қарори сарвазири Италия Ҷузеппе Конте мусобиқаҳои варзишӣ дар музофотҳои шимолии Италия-Ломбардия ва Венето, ки макони паҳншавии ин вирусанд, мавқуф гузошта шуданд. Аз ҷумла бозиҳо байни дастаҳои «Аталанта» - «Сассуоло», «Торино»-«Парма», «Верона» - «Каляри» ва «Интер» - «Сампдория» баргузор намешаванд. Баъд аз лағви бозиҳо дар Серияи А акнун эҳтимол меравад ин вирус ба бозиҳои футболи Аврупо ҳам таъсири худро гузорад. Ин ҳафта дар нимҷазираи Апенин бозии “Наполи” ва “Браселона” дар ЛЧ ва дидори “Интер”-“Лудогоретс” дар ЛА ба нақша гирифта шудааст. Тибқи хабаргузории “ESPN” футболбозони “Барселона”-ро баъд аз омадан ба Италия аз санҷиш мегузаронанд ва дар сурати пайдо шудани ягон нишонаи эҳтимолӣ зуд ба беморхона мефиристанд. Метавон гуфт пеш аз бозии муҳим ба Месси ва ҳамдастаҳояш дарди сари иловагӣ зам шуд. Бо сабаби дар қисми ҷанубии Италия ҷойгир будани шаҳри Неапол мумкин ин бозӣ дар вақти муқаррашуда барпо шавад, вале дидори дастаҳои “Интер” ва “Лудогоретс” ба эҳтимоли зиёд ё мавқуф гузошта мешавад ё бе иштироки мухлисон доир мегардад. Ин мавсим пойгаи қаҳрамонӣ дар Серияи А басо ҷолибу диданӣ сурат гирифта, се даста “Ювентус”, “Латсио” ва “Интер” барои Скудетто талош доранд. Дар ҳафтаи оянда бозии муҳиму ҳалкунанда миёни ду даъвогар “Ювентус” ва “Интер”, ки бо номи дербии тамоми Италия маъруф аст, бояд баргузор шавад. Аммо баъд аз хурӯҷи коронавирус аз эҳтимол дур нест, ки ин бозӣ ҳам мавқуф гузошта мешавад, зеро ҳар ду даста дар қисмати шимолии Италия-макони хурӯҷи коронавирус қарор доранд. Сарвазири Италия Ҷузеппе Конте ишора кард, ки мумкин ин ҳафта дар Серияи А ягон бозӣ барпо нашавад. Миёни футболбозон ҳам аллакай аввалин ҳолати мубталои коронавирус шудани бозигарон сабт шуд. Футболбози 38 солаи дастаи ҳаваскори “Кадонио”-и Ломбардия мубаталои ин беморӣ шуд. Ӯ айни замон дар беморхона буда, аъзои хонадони ӯ ҳам нишонаҳои ин беморӣ дида мешавад.  Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин низ шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистонро ба ҳайси мизбони мусобиқаи интихобии олимпӣ тасдиқ кард. Мусобиқа 27-29-уми март баргузор мешавад. Тибқи қарори қаблӣ бояд дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат мегирифт, вале бо сабаби авҷи коронавирус дар Чин ва берун аз он барҳам дода шуд. “Иваз кардани ҷои баргузории мусобиқа дар муҳлати хеле кӯтоҳ дуруст нест, вале барои мо саломатии варзишгарон муҳимтар аст. Мо бояд барои иштироки ҳамаи варзишгарон имконият фароҳам оварем”, - иброз намуд, президенти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин - Ненад Лалович.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив