LIVE

Пешвои миллат дар Ховалинг майдончаи бозии футболро ба истифода доданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар маркази ноҳияи Ховалинг майдончаи хурди  варзиширо дар масоҳати 800 метри мураббаъ мавриди истифода қарор доданд. Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти мазкур аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби зиёда аз 20 нафар сохтмончии маҳаллӣ сохта шудааст. Ин иншооти варзишӣ дар маркази ноҳия танҳо барои бозии футбол пешбинӣ гардида,  дорои беҳтарин шароит мебошад. Майдочаи хурди бозии футбол дар ноҳияи Ховалинг бо тарҳи зебову замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи сохтмонӣ бунёд гардида, дар он 35 адад таҷҳизоти хурду бузурги равшанидиҳӣ насб карда шудааст. Илова бар ин, барои зебоии атрофи иншооти мазкур дарахтони ороишиву сояафкан ва дар масоҳати 60 метри мураббаъ гулҳои зебои мавсимӣ шинонида шудаанд. Зимни шиносоӣ бо иншооти мазкур Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мавриди истифода қарор гирифтани онро барои наврасону ҷавонони маркази ноҳияи Ховалинг беҳтарин туҳфа арзёбӣ карданд. Ҳамчунин, Сарвари давлат аз насли ояндасози кишвар ва варзишгарони ноҳия даъват ба амал оварданд, ки аз чунин имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ истифода намоянд, то ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив