LIVE

УЕФА аз ташкили Евро-2020 даст кашид

Дар УЕФА масъалаи лағви Ҷоми Аврупо ё худ Евро-2020 баррасӣ мешавад. Сабаб хурӯҷи бемории коронавирус маънидод шудааст. Ноиби президенти УЕФА - Мишел Ува барҳам ё ба вақти дигар гузаронидани Евро-2020-ро инкор накард ва гуфт мо феълан дар ҳолати омодабош қарор дорем дар сурати бад шудани ҳолат имкон аст, ки Ҷоми Аврупо-2020 дар ин сол нагузарад. 
Чемпионати Аврупо дар соли 2020 аз 12-уми июн то 12 июл дар 12 мамлакати аврупоӣ баргузор мешавад. Шаҳри Рим, ки мизбонии якчанд дидорҳоро бар дӯш гирифтааст, аввалин макони баргузории мусобиқот аст, ки ин бемории марговар ба қайд гирифта шудааст. Дар Италия 200 тан мубталои коронавирус шуда, 6 нафар ба ҳалокат расидааст.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив