Дар даври 16-уми Серияи А-и Италия дастаи туринии «Ювентус» бо осонӣ «Уддинезе»-ро мағлуб кард.
Дублро Криштиану Роналду ба номи худ сабт намуд. Голи сеюми туриниҳоро бошад, ҳимоятгар Леонардо Бонуччи ба самар расонид.
Дар дақиқаҳои охири рақобат бошад, ба нимҳимоятгари дастаи меҳмонон Пессотто муяссар шуд, ки як голро ба ҳадаф расонад.
Пас аз ин пирӯзи дар ҷадвали Серияи А «Юве» бо 39 имтиёз боз аз «Интер» пешсаф шуд.
Чемпионати Италия. Серия А. Даври 16-ум
«Ювентус» (Турин) — «Удинезе» (Удине) — 3:1 (3:0)
Голҳо: Роналду, 9, 37. Бонуччи, 45. — Пуссетто, 90.
«Милан» (Милан) — «Сассуоло» (Сассуоло) — 0:0
«Болоня» (Болоня) — «Аталанта» (Бергамо) — 2:1 (1:0)
Голҳо: Паласио, 12. Поли, 53. — Малиновский, 60.