LIVE

Тақдири Серияи А ҳал шуд

Ҷаласаи роҳбарияти Чемпионати Италия ё худ Серияи А дар масъалаи идома додани мавсим сурат гирифт. Дар ин ҷамъомад тамоми аъзоёни ниҳоди варзишӣ идомаи бозиҳоро ҷонибдорӣ намуданд. 
Дар кори ҷаласа бори дигар тасдиқ карда шуд, ки бозиҳои боқимондаи Чемпионати Италия дар мавсими солҳои 2019/20 баргузор шаванд. Масъулони футболи Италия бар он назаранд, ки мутобиқ ба меъёрҳои Кумитаи байналмилалии тандурустӣ бозиҳо гузаронида мешавад, агар роҳбарияти кишвар иҷозат бидиҳад. 
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дастаҳо ба мисли «Торино», «Сампдория», «Болоня», «Парма», «Спал», «Брешия» ва «Удинезе» зидди идома додани бозӣ овоз баланд карданд.  Баъдан тимҳои   «Фиорентина» ва «Парма» аз фикри худ гаштанд ва гуфтанд, ки барои идомаи мавсим омодаанд.  
Италия аз зумраи аввалин кишварҳои қораи Аврупо буд, ки моҳи март бо сабаби хурӯҷи коронавирус бозиҳои Серияи А-ро боздошт. 
Ёдовар мешавем, ки дар Италия 181 228 нафар ба вируси COVID-19 сироят ёфта,  аз ин теъдод 24 114 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив