LIVE

Футболи Италия ба кӯмаки пулӣ ниёз дорад

Бозигарони бошгоҳҳои футболи Силсилаи А-и Италия якдилона барои паст кардани музди маошашон овоз додаанд. Дар ин бора сомонаи расмии чемпионати мазкур хабар додааст. Роҳбарияти Чемпионати Италия зимни ташкили як ҷаласа  ба хулосае омаданд, ки дастаҳое, ки дар лигаи олии футболи Италия бозӣ мекунанд, аз сабаби вируси тоҷ маоши камтар мегиранд. Дар ин ҷаласа намояндагони 19 тими футболи итолиёвӣ ширкат доштанд ва ба хулосае омаданд, ки дар баробари кам кардани маоши футболбозон, ҳамчунин онҳое, ки тобистон муҳлати шартномаашон ба поён мерасад, аммо мавсим хотима наёбад, тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад ва аз 6 як фисади маошашон кам карда шуд. Дар Италия нахустин шуда, дастаи “Ювентус” аз паст кардани маоши футболбозонаш иттиллоъ дод ва бозигарони тими туринӣ низ иқдоми роҳбарияти дастаашонро ҷонибдорӣ карданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив