LIVE

«Тоттенхэм» ба мушкилоти молиявӣ дучор мешавад

Роҳбарияти бошгоҳи  лондонии «Тоттенхэм» аз сабаби боздоштани Чемпионати Англия маоши кормандони худро коҳиш дод. Президенти клуби «Тоттенхэм Хотспур» - Дэниэл Леви дар сомонаи даста дар бораи 20 фоиз паст кардани маоши кормандонаш расман иттилоъ дод. Ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз муфлисшавии даста амалӣ карда шудааст. 
Агар мо ба ин амал даст назанем, бисёре аз кормандонамон бекор мемонанд. Барои нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ мо маҷбур шудем то маоши ҳамаро камтар кунем. Ин хулосаи роҳбарият ба футболбозони дастаи «Тоттенхэм» рабте надорад. 
«Тоттенхэм» дуюмин дастаи Премйер-лигаи Англия маҳсуб мешавад, ки  маоши кормандони худро кам мекунад. То ин замон дастаи «Нюкасл» низ маҷбур шуд то ба кормандони худ маоши камтар бидиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив