LIVE

«Тоттенхэм» беҳтарин футболбозашро аз даст дод

Дафтари матбуотии клуби «Тоттенхэм Хотспур» иттилоъ додааст, ки ҳамлагари асосии даста - Гарри Кейнро мушаки пушти рони пойи чапаш кафидааст ва  футболбоз муҳлати дароз ба табобат машғул хоҳад шуд. Кейн дар рақобат бар муқобили тими «Саутгемптон» лат бардошт ва дар дақиқаи 75-уми дидор майдонро тарк намуд. Ҳамлагари 26 сола дар мавсими равон дар 20 бозӣ ба задани 11 гол даст ёфтааст. Инчунин дар Лигаи Чемпионҳо 5 гол дорад. Аз саф уфтодани футболбози мунтахаби Англия барои сармураббии бошгоҳи лондонӣ Жозе Моуриню мушкилии ҷиддӣ унвон мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив