LIVE

“Тоттенхэм” бо ду бозингараш ба созиш омад

Мутобиқи иттилоъи расонаҳои хабарӣ бошгоҳи футболи “Тоттенхэм Хотспур”-и лондонӣ бо ду футболбозои хеш дар мавриди тамдиди шартномаи корӣ ба созиш омада, роҳбарияти ин бошгоҳ  аллакай муҳлати ҳамкорӣ бо Бен Дэвис ва Гарри Уинксро тамдид намудааст.
Ҳимоятгари чапи тими мазкур Бен Дэвис ва нимҳимоятгари марказӣ Гарри Уинкс бо “Тоттенхэм” қарордоди корияшонро то тобистони соли 2023 тамдид намудаанд-хабар медиҳад сомонаи расмии бошгоҳи лондонӣ. 
Қобили қайд аст,ки  Дэвиси 26-сола аз ҷониби ин тим моҳи июли соли 2014 аз “Суонси” бар ивази 12,65 миллион евро харидорӣ шуда буд. Аз он замон ин бозингари мунтахаби Уэлс дар ҳайати “лондониҳо” 168 бозӣ намуда, 4 гол задаву 16 партофти головар ирсоли ҳамдастагон намудааст.
 Уинкси 23-сола бошад дастпарвари худи бошгоҳи “Тоттенхэм” буда, дар ҳайати тими аввалӣ дар давоми солҳои 2016-2019 102 дидор анҷом додааст. Дар ин масир ин бозингар ду гол ва ду паси головар ба номаш ихтисос додааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив