Журналисти итолиёвӣ - Фабритсио Романо дар саҳифаи твиттераш хабар додааст, ки Антонио Конте рӯзҳои наздик сармураббии бошгоҳи “Интер” эълон мешавад. Хабар дода мешавад, ки мутахассис ҳамроҳ бо ҳайати директорони дастаи мазкур ба бозии финали Лигаи Чемпионҳо байни дастаҳои “Тоттенхэм” – “Ливерпул”, ки дар шаҳри Мадрид баргузор мешавад, ташриф меорад. Боз гуфта мешавад, ки Антонио Конте бо “Интер” то соли 2022 бо арзиши 12 млн евро дар як мавсим қарордоди ҳамкорӣ ба имзо мерасонад. Коршиноси итолиёвӣ қаблан дар дастаҳои “Ювентус” ва “Челси” адои вазифа намудааст.