LIVE

Бартомеу: Месси ба мо кӯмаки бузург кард

Президенти "Барселона" - Хосеп Мария Бартомеу қарори тимро дар бораи кам кардани маоши футболбозон шарҳ дод. “Пешвои тим - Леонел Месси фавран ин иқдоми коҳиши музди меҳнат ба бозингаронро дастгирӣ кард.
"Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки футболбозон ба даста содиқанд. Агар мо қарорро оид ба паст кардани музди меҳнат қабул накунем, мо роҳбарони бемасъулият мешавем. Вазъи иқтисодӣ мушкил аст, аз ин рӯ барои пош нахӯрдани тим тамоми чораҳоро андешидан лозим буд", гуфтааст Бартомеу ба Sport.es.
Қаблан ҳамлагари "Барселона" - Лионел Месси эълон карда буд, ки бозингарони даста аз гирифтани 70% маоши хеш ҳамчун кӯмак ба тим даст кашиданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив