LIVE

Бартомеу: дар мавриди гузариши Неймар ба «Барса» ҳарф зад

Президенти «Барселона» Хосеп Бартомеу эҳтимолияти гузариши ҳамлагари бразилии дастаи «ПСЖ» - Неймарро ба дастааш давоми трансферҳои оянда тасдиқ кард. 
«Аз соли гузашта то ба ҳол суолҳо дар бораи Неймар якранганд. Дар ин бора борҳо ҳарф задем. То он вақте, ки ҷаласа баргузор накунем мо дар ин мавзуъ суҳбат карда наметавонем. Мо дақиқ дар мавриди гузаришҳо дар мавсими зимистона медонем, аммо наметавонем дар бораи онҳо ошкоро ҳарф занем. Вале „Барселона“ барои ҳамагон пешниҳоди худро хоҳад кард. Гузариши Неймар ва Лаутаро Мартинес ҳақиқат доранд ё не? ман пешниҳод мекунам, ки дар бораи бозикунони дигар дастаҳо ҳарф назанем. Яке дар Италия ва дигаре дар Фаронса бозӣ мекунанд. Ҳарду беҳтарин футболбозанд, аммо барои нақшаҳои тобистона ҳарф задан барвақт аст», иқрор шудааст Бартомеу.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив