LIVE

Гузариши Неймар ба «Барселона» наздик мешавад

Бегоҳии 27-уми август бошгоҳҳои “Барселона” ва “ПСЖ” дар мавриди трансфери Неймар гуфтушӯнид намуданд. Тибқи маълумотҳои ба даст оварда, гуфтушунид дар бобати Неймар то ҳол ба нуқтаи ниҳоӣ нарасидааст. Директори варзишии “Барселона” Хавйер Бордас қайд кард, ки гуфтушунид миёни “нилунориҳо” ва парижиҳо бефоида анҷом ёфтааст.
«Қарордод оиди трансфери Неймар то ҳол расмӣ нест. Ин дақиқ аст. Ҳоло ягон чиз нест. Фикр мекунам, ки гузариши Неймар ба “Барселона” хеле наздик аст. Бо “ПСЖ” дар ин бора мулоқот кардед? Албатта», —иқтибос меорад AS аз суханҳои Хавйер Бордас.
Бо маълумоти сарчашма “Барселона” мехоҳад, ки гузариши Неймарро то рӯзи якшанбе 1-уми сентябр анҷом диҳад. “Барселона” омодааст, ки барои харидории Неймар 100 млн евро Усмон Дембеле ва Нелсон Семедуро пешниҳод кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив