LIVE

«Барса» барои пардохти маоши кормандонаш мушкилӣ мекашад

Бошгоҳи «Барселона» дар сомонаи расмиаш аз кам кардани музди маоши кӯли коргаронаш хабар дод. Айни ҳол “нилунориҳо” дар ҳолати зарари молиявӣ қарор доранд. Сабаби асосии сар задани зарари молиявӣ ин хуруҷи коронавирус мебошад, ки ҷаҳони имрӯзаро сарсону саргардон намудааст.
Тавре хабар дода мешавад, ҳоло бояд кӯли коргарони даста вазъиятро дарк кунанд ва якчанд муддат бо музди маоши муқаррарӣ кор ва фаъолият кунанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки аксари бозигарони даста барои кам кардани музди маошашон изҳори нигаронӣ намуда, аз роҳбарияти клуб музди маоши пурраи худро талаб кардаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив