LIVE

футболбозони Бундеслига аз қисмати маоши худ даст кашиданд

Аксари мусобиқаҳои бонуфузи футбол бинобар паҳншавии бемории сироятии коронавирус лағв гардидаанд. Якумин шуда, топ панҷ мусобиқоти футболи аврупоӣ аз манъ кардани рақобатҳо хабар доданд. Ин боиси он шуд, ки ҷайби бошгоҳҳо хисороти бузурги молиявӣ бинанд. Дар ин радиф боз баъзе футболбозон бо хоҳиши худ  аз қисми маошашон даст кашиданд, то дигар ҳамдастаҳояшон бе музд намонанд. Футболбозоне, ки дар ҳайати бошгоҳҳои Бундеслигаи Олмон  ҳунарнамоӣ мекунанд, хоҳиш намудаанд, ки ҳангоми карантин   музди маошашонро кам кунанд.  Аз ҷумла,  бозингарони тимҳои  “Вердер”, “Шалке”,  “Боруссия” - и Мюненгладбах ва “Боруссия” - и Дортмунд  барои кам кардани маошашон   розигӣ додаанд. Ин амал имкон медиҳад, ки ҳамаи кормандони дастаҳо бе музди маош намонанд. Футболбозони Бавария низ коҳиш ёфтани  маошашонро дар ҳаҷми 20 дарсад  пазиурфтанд.  Бархе аз расонаҳо нашр намудаанд, ки бошгоҳи “Ювентус” - и Турин низ барои ҷуброни хароҷот давоми карантин  музди Роналдуро то анздозае коҳиш диҳад.  Дар   бошгоҳи “Сйони” Шветсария бошад,   бинобар саркашӣ аз ин амал якқатор   бозигарон  аз кор озод карда шуданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив