LIVE

Дастаҳои маъруфи Олмон ба ҳамтоёни худ кӯмак намуданд

Клубҳои футболи маъруфи олмонӣ бо мақсади дастгирии дастаҳои Лигаҳои поёнтари футболи Олмон аз суратҳисоби худ маблағ ҷудо намудаанд. Ин дастаҳо дар Бундеслига баромад мекунанд ва аз мушкилоти иқтисодӣ танқисӣ намекашанд, аммо хурӯҷи вируси корона ба бисёре аз тимҳои футболи олмонӣ зарари калони иқтисодӣ расонид, ки онҳоро буҳрони молиявӣ таҳдид мекунад.  Маблағи мазкур аз ҳисоби дастаҳои ба монанди «Бавария»-и Мюнхен, «Боруссия»-и Дортмунд «РБ Лейптсиг» ва «Байер» ҷудо шудааст. Роҳбаритяти клубҳои мазкур 20 миллион евро ҷудо намудаанд, ки он барои дастгирии тимҳои футболи аз лиҳози иқтисодӣ заиф равона мешаванд. Ёдовар мешавем, ки бисёре аз дастаҳои футбол бо сабаби хурӯҷи коронавирус ва боздоштани мусобиқа ба мушкилоти калони иқтисодӣ гирифтор шуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив