LIVE

ФИФА қоидаи равзанаи трансфериро иваз мекунад

ФИФА омодааст, ки бо клубҳои футбол равзанаи трансферии бозигаронро мавриди барасӣ қарор диҳад ва ба дигар вақт гузаронад. Тибқи иттилои The Telegraph агар дастаҳои футбол розӣ бошанд, пас мавсими гузаришҳо то моҳи январи соли 2021 идома мекунад. 
Ба ақидаи ФИФА танҳо ин роҳ метавонад ба клубҳои футбол имконият диҳад, ки ба буҳрони молиявӣ гирифтор нашаванд. Бо иллати хурӯҷи вируси корона мусобиқаҳо боздошта шудаанд ва кай баргузор мешаванд маълум нест. 
ФИФА дар рӯзҳои наздик бо намояндагони клубҳои футбол дар ин масъала гуфтушнид анҷом медиҳанд ва бархе аз тимҳо аллакай ба ин пешниҳод розӣ шудаанд. 
Интизор меравад, ки мавсими гузариши бозигарон тобистон гарм нахоҳад шуд, зеро клубҳо зарари калони иқтисодӣ дидаанд. Бо назардошти ин масъала ФИФА иҷозат медиҳад, ки онҳо то моҳи январи соли оянда футболбози навро ба қайд бигиранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив