LIVE

ФИФА офсайдро тағйир медиҳад

Федератсияи байналмилаллии футбол (ФИФА) имкониятҳои ворид намудани тағйирот дар системаи муайянкунии офсайдро мавриди санҷиш қарор додааст. Дар ин бора The Times иттилоъ дод. Роҳбарияти ин ташкилоти бонуфуз пешниҳод кардааст, ки доварон ҳолати нобозиро дар ҳоле ба қайд бигиранд, ки масофа миёни охирин муҳофизатгари дастаи дар дифоъ қарордошта ва футболбози ҳуҷумкунанда масофаи муайяни зарурӣ дошта бошад.  Ин масоил баъд аз он мавриди баҳс қарор гирифт, ки доварон дар дидори дастаҳои «Ливерпул» ва «Вулверхэмптон» голи меҳмононро бо муайян намудани ҳолати офсайдӣ қариб, ки номуайян ба ҳисоб нагирифтанд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив