LIVE

Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) имрӯз рейтинги нави худро мунташир сохт, ки тибқи он мунтахаби Тоҷикистон мавқеашро иваз накарда, бо касби 1152 имтиёз дар зинаи 121-ум боқӣ монд. Дар байни кишварҳои Осиё бошад, аз ҳама натиҷаи беҳтарро мунтахаби Ҷопон дорад, ки бо касби 1500 хол дар зинаи 28-уми раддабандӣ қарор дорад. Дар рейтинги КФО бошад, мунтахаби Тоҷикистон дар ҷои 22-юм қарор дорад. Дар феҳристи раддабандии ҷадиди ФИФА кишвари Белгия бо 1765 имтиёз дар зинаи якум, Фаронса бо 1733 имтиёз дар ҷойи дуюм ва Бразилия 1712 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив