LIVE

Зарбаи сахти вируси тоҷ ба ҷайби дастаҳои футбол

Бошгоҳҳои футболи Лигаҳои беҳатирини футболи аврупоӣ 4 млрд евро аз пушти коронавирус зарар диданд. Хурӯҷи вируси тоҷ натанҳо ба кишварҳо зарари калони иқтисодӣ расонд, балки клубҳои футболи аврупоӣ миллиардҳо доллар зарар диданду зарбаи сахтро дар худ қабул карданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттиллои иқтисодиёти чемпионатҳои Англия, Испания, Италия, Олмон ва Фаронса дар як мавсим аз 3,45 млрд то  4 млрд евро даромад доштаанд. Зарбаи сахти молиявиро Премйер лигаи Англия дар худ қабул намуд, ки он 1,35 млрд евраро дарбар мегирад, ки 800 млн еврои он аз ҳисоби пахши бозиҳо дар телевизонҳо будааст. Ла Лигаи Испания бошад, аз ҳисоби манъи вохӯриҳо ва пахш нашуданашаон дар телевизионҳо 600 млн € зарар дид. Аз ин ҳисоб Серия А – € 450 млн, Бундеслига — € 400 миллион ва Лига 1-уми Фаронса – € 200 млн зазар дидаанд. УЕФА ё худ Ассотсиатсияи футболи Аврупо чунин ҳолати мушкилро дар фаъолияти худ ёд надошт.   Чемпионати Аврупоро аз соли 2020 ба 2021 гузаронид ва тамоми шартномаҳои басташуда дар соли ҷорӣ барои баргузории ин чорабинӣ эътибори худро гум карданд. Масъалаи дигари баҳсталаб феълан дар клубҳои футбол дар он аст, ки қарордодҳои аксар бозикунон то анҷоми мавсими муқаррарӣ баста шудаанд. Интизор меравад, ки чемпионатҳои бонуфузи аврупоӣ боз як ё ду моҳи дигар дароз мешавад ва маоши бозигаронро бояд пардохт кунанд ва ҳамзамон бозикунони иҷоравиашон бояд ба дастаҳои аслии худ баргарданд, ки барои як ё ду моҳ тамдиди шартномаро касе қабул надорад.  Ин ҳам дар ҳолест, ки агар чемпионатҳо мавсимро идома диҳанд, агар натавонанд то ба охир бозиҳоро баргузор карда, пас маблағҳо боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив