LIVE

"Барса" тобистон бо Гризманн хайрухуш карданист

Роҳбарияти «Барселона» мавсими оянда ҳайати дифои хешро қавитар кардан мехоҳад, аммо аз лиҳози иқтисодӣ танқисӣ мекашад. Клуби каталонӣ омодааст то ҳамлавари фаронсавии худ - Антуан Гризманнро ба фурӯш гузорад. Хабар медиҳад Sport.es. Нилунориҳо барои Антуан на камтар аз 100 млн евро ба даст оварданианд. Ба футболбози 29 сола тимҳои «Манчестер Юнайтед», «Пари Сен-Жермен», «Челси» ва «Арсенал» мароқ зоҳир доранд. Гризманн ба «Барселона» аз «Атлетико» тобистони соли 2019 бо маблағи 120 млн евро гузариш карда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив