LIVE

Кӯмаки Месси барои пешгирӣ аз коронавирус

Сарвони дастаи "Барселона" - Лионел Месси як миллион евро барои мубориза бар зидди бемории коронавирус кӯмак намуд. Маблағе, ки аз ҷониби футболбози аргентинӣ ҷудо шудааст, барои хариди таҷҳизоти тиббӣ ва ёрии аввалиндараҷа расонидан ба бемористони Hospital Clinic, ки дар шаҳри Барселона ҷойгир аст, равона шудааст. Ҳамзамон маблағ барои бемористонҳои шаҳри Росариои Аргентина, ки худ зодаи ҳамин шаҳр аст, ҷудо карда шудааст.
Дар паёме, ки беморхонаи Hospital Clinic дар сомонаҳои иҷтимоӣ гузоштааст, омадааст: "Ташаккур ба ту, Лионел Месси барои дастгириат!!!" Ин беморхона барои омӯзиш ва аз байн бурдани коронавирус фаоълият мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив