LIVE

Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Мессӣ

Ҳамлагари аргентинии “Барселона” - Лионел Мессиро ҳамакнун баъд аз ба даст овардани “Тӯби тиллоӣ”-и навбатиаш дар қаллобӣ нисбати фонде, ки ӯ ва аъзои оилааш сарпарастӣ мекунанд, гунаҳгор дониста, парвандаи ҷиноятӣ нисбаташ боз гардид.  Судяи испанӣ - Мария Тардон парвандаи ҷиноиро нисбати фонди хайрияи ҳамлагари Барселона   Лионел Месси оғоз кард. Дар ин бора хабаргузории ABC иттилоъ медиҳад. Федерико Реттори, ки солҳои 2012-2015 дар ин фонд фаъолият менамуд, даъват шуда,  позпурсӣ карда мешавад.  Дар ин миён на танҳо Месси, балки  падар, бародар ва атрофиёни ҳамлагари “Барселона” дар қаллобӣ, рӯйпуш намудани андоз ва ҳисобдорӣ айбдор мешаванд. Тибқи шикоят даромади ин фонд, ки дар ибтидо бояд ба фаъолиятҳои иҷтимоӣ равона мешуд, ба ҷои он ба намудҳои дигари фаъолиятҳои хусусӣ ва ё ба суратҳисобҳои ғайр аз даромадҳое, ки фонди зикршуда эълон карда буд, равона шудааст. Фонди Месси инчунин бо имзои шартнома бо сарпарастони хориҷӣ, ки дар сурати маблағҳои хайрия маблағ ҷамъоварӣ мекунанд, аз андозҳо саркашӣ кардааст. Маҳз таввасути чунин ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ феълан суратҳисоби фонди мазкур тақрибан ба 10 миллион евро расидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив