LIVE

Мессиро хатари маҳрумият аз футбол таҳдид мекунад

Ҳамлагари бошгоҳи “Барселона” ва мунтахаби Аргентина Лионел Месси баъд, аз моҷарои бозии байни мунтахабҳои Аргентина ва Чили, ки дар он дидор сарвони мунтахаби Аргентина Месси бо корти сурх ҷазо дода шуд, ҷомеъаи футболро ба таҳлука овард. Месси баъд аз бозӣ барои гирифтани медал ба варзишгоҳ ҳозир нашуд ва дар суҳбат бо хабарнигорон ин қарори доварро ноадолатона хонд ва раванди мусобиқоти Ҷоми амрикоро ба амалҳои фаҳш мутаҳам намуд. Ин дар ҳоле буд, ки Месси дар бози муқобили мунтахаби Бразилия доварро барои аз системаи видёдовар (ВАР) истифода набурдан айбдор медонист. Федератсияи футболи амрикои ҷануби (КОНМЕБОЛ) шояд Месирро 2 сол аз мусобиқоти амрикои ҷануби маҳрум намоянд. Агар тасмими мазкур рӯи даст гирифта шавад, Месси аз Ҷоми Амрико 2020, ки дар кишвари Аргентина ва Колумбия баргузор мегардад, аз ҳаққи иштирок маҳрум карда мешавад. Инчунин маҳрум кардани ӯ аз марҳилаи муқадамотии Ҷоми ҷаҳони 2022- низ аз эҳтимол дур нест.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив