LIVE

"Барса" дар карантин маоши бозигаронашро кам кард

Футболбозони «Барселона» аз сабаби коронавирус ба паст кардани маошашон розигӣ додаанд. Президенти бошгоҳи «Барселона» - Хосеп Мария Бартомеу бо лидерони даста сӯҳбат дошт ва онҳо дар мавриди паст фаровардани музди маошашон зид нестанд. "Барса" бо сабаби хурӯҷи тоҷвирус мушкилоти бузурги иқтисодӣ дорад. Дар навбати худ футболбозони даста низ ҳолати мазкурро дарк карда, барои коҳиш додани маошашон розигӣ додаанд. Аз сабаби карантин «Барселона» на танҳо аз ҳисоби фурӯши чипта ва пахши бозиҳо зарар дидааст. Ҳамчунин аз ҳисоби наомадани сайёҳон ва либосҳои варзишӣ, манъи чорабиниҳо дар майдони "Камп Ноу" ҳамарӯза зарари калони иқтисодӣ мебинад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив