LIVE

Идомаи Премйер лигаи Англияро нахоҳем дид

Чӣ тавре, ки сомонаи расмии ПЛА хабар медиҳад, бинобар сабаби хурӯҷи коронавирус бозиҳои Премйер-лига, Чемпионшип, Лига 1 ва Лиги 2 то рӯзи 3-юми апрел ба мавқуф гузошта шуданд. Инчунин бозиҳое, ки бояд рӯзҳои шанбе ва якшанбеи 14 – 15 март баргузор мешуданд, лағв гардиданд.
Қаблан бо хурӯҷи коронавирус Чемпионатҳои Италия, Испания, Фаронса ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ ба мавқуф гузошта шуданд.
Хурӯҷи COVID-19 охирҳои соли 2019 аз кишвари Чин пайдо шудааст. Тибқи маълумотҳои охирин бар асари ин беморӣ то имрӯз 4,5 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив