LIVE

Футболбозон дар Италия маоши кам мегиранд

Дастаҳои итолиёвӣ мумкин аст, ки як муддати муайян маблағи футболбозонро бо сабаби зиёд шудани бемории коронавирус дар кишвар ва сарфакори кардан барои ҳайати дастаҳо ба таъхир гузорад, хабар медиҳад Mundo Deportivo.
Мувофиқи сарчашма аз музди маоши футболбозон 20% -30% маблағ ситонида мешавад. Ҳамлавари бошгоҳи "Ювентус" - Криштиан Роналду дар як мавсим 30 млн € маош мегирад ва шояд бо сабаби коронавирус 10 млн € аз маоши Роналду ситонида шавад.
Вируси COVID-19 дар охири соли 2019 дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Мардумии Чин сар зад. То ҳол дар тамоми ҷаҳон 300 000 нафар ба вируси корона гирифтор шудаанд. Дар Италия 11 000 нафар ба вируси COVID-19 мубтало гардида, 793 нафар бо вируси корона мубориза бурда натавониста, ин дунёро падруд гуфтанд. Ҳоло дар Италия 4,5 ҳазор нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив