LIVE

Мавсими футбол дар Италия ба охир расид?

Бо сабаби хурӯҷи коронавирус дар Италия 5-бозии даври 27-уми силсилаи А бо шумули бозии марказии давр - «Ювентус» ва  «Интер» низ ба вақти дигар гузаронида шуд. Аммо дастаҳои дигар бозиҳои худро доир намуданд.  Бошгоҳи “Аталанта” дар даври 27-уми Чемпионати Италия  бо ҳисоби 7 бар 2 тими  «Лечче»-ро шикаст дод.  Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи «Виа Дел Маре»-и Лечче доир гардид. Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 17-ум кушода шуд. Бозигари тими “Лечче” - Ҷулио Донати ғайричашмдот тӯбро вориди дарвозаи худ намуд. Дар дақиқаи  22-юми бозӣ Дуван Сапата ҳисобро 2 бар 0 кард.  Риккардо Сапонара дар дақиқаи 29-ум голи аввали дастаашро ба самар расонид.         
Ҷулио Донати ҳисобро баробар намуд. Дар идома соҳибони майдон ба задани 5 голи дигар даст ёфтанд. Сапата дар дақиқаи 54-ум ва 62-юм ба задани ду гол даст ёфта, ба номаш хет-трикро сабт намуд. Голи 6-умро ба дарвозаи «Лечче» - Луис Муриел зад. Нуқтаи ниҳоиро 
Руслан Малиновский гузошт. Тими «Аталанта» бо ба даст овардани 48 имтиёз дар мақоми 4-уми ҷадвали Чемпионат қарор дорад. Дастаи «Лечче» бо касби 25 хол дар зинаи 16-ум мавқеъ касб намудааст. Бозиҳои «Ювентус» ва  «Интер», «Удинезе» — «Фиорентина», «Милан» — «Ҷеноа», «Парма» — «СПАЛ»  ва «Сассуоло» — «Брешия» бо сабаби хурӯҷи коронавирус дар Италия  ба 13 -уми май гузаронида шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив