LIVE

«Ювентус» чемпиони Италия мешавад

Агар мавсими футбол дар Италия идома накунад, пас тими туринии «Ювентус» қаҳрамони навбатии Серияи А эътироф карда мешавад. Роҳбари Федаратсияи футболи Италия - Габриэл Гравин иброз доштааст, ки феълан аз сабаби хурӯҷи вируси корона бозиҳо то ба охир баргузор нашудаанд, аммо дар сурати идома накардан натиҷагирӣ карда мешавад ва бошгоҳи туринӣ чемпион эълон мешавад. 

«Бисёриҳо бар он назаранд, ки бояд мусобиқаро то ба охир идома диҳем. Чӣ тавр ва кай баргузор мешавад? ҳанӯз маълум нест. То 30-юми июн дақиқ мешавад, ки идомаи мавсимро доир кунем ё не.  
Дар сурати имкон наёфтан мо чемпионатро бо ҳамин нишондодҳо ҷамъбаст мекунем ва имтиёзҳои ба дастовардаро ҳисоб мекунем ва ҳатман ғолибро муайян хоҳем кард. Ҳамчунин иштирочиёни мусобиқаҳои аврупоиро низ таҳқиқ хоҳем кард», гуфтааст Гравин ба сомонаи Sky Sport.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив