LIVE

Танаффуси маҷбурии Бундеслига

Ҳамаи бозиҳои Бундеслигаи Олмон бо сабаби вируси "корона" ба таъхир гузошта шуд. Тавре гуфта мешавад, эҳтимолияти дубора идома ёфтани бозиҳо рӯзи 2-юми апрел дар нақша аст.
Тибқи тақвими Чемпионати мазкур санаи 13-уми март бояд дидорҳои даври 26-уми Бундеслигаи Олмон сурат мегирифт, аммо дар охирин лаҳза бозиҳо барҳам хӯрданд. Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар ТОП-5 чемпионати лигаи беҳтарини Аврупо ҳама бозиҳо ба таъхир гузошта шудаанд ва шояд моҳи апрел доир гарданд.
Дар Олмон 5 ҳазору 795 нафар ба вируси COVID-19 мубтало шуда, 11 нафар ҷони хешро аз даст додаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив