LIVE

Залтсбург ба тамрин баргашт

Футболбозони бошгоҳи “РБ Залтсбург” -и Австрия тамринҳои  дастаҷамъонаи худро  шуруъ намуданд. Ин хабар дар саҳифаи расмии бошгоҳ нашр шудааст.  Бозигарон  шаш нафарӣ ба гуруҳҳо ҷудо шуда, меъёр ва талаботи  бехатариро  ба ҷо оварданд. Ҳангоми машқҳо низ  онҳо аз якдигар ба масофаҳои муайян  ҷудо меистанд. Иҷозати  аз нав ба роҳ мондани тамринҳоро дастаҳо аз Ҳукумати мамлакат гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки мусобиқоти Бундеслигаи Австрия бинобар хурӯҷи коронавирус 8-уми март  манъ шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив