LIVE

Ҳоли Феллайни баъд аз табобати коронавирус

Охирҳои моҳи март маълум гардид, ки нимҳимоятгари бошгоҳи "Шандун Лунэн"-и Чин - Маруан Феллайни ба бемории сироятии коронавирус гирифтор шудааст. Баъди 3 ҳафтаи табобат вазъи саломатии ӯ барқарор шуду аз беморхона рухсат ёфт. Вале барои эҳтиёт ин футболбози 32 соларо боз ба муҳлати 2 ҳафтаи дигар дар карантин зери назорати духутурон мешинонанд.   
Маруан мавсими аввали худро дар Чин бобарор гузаронид. Ӯ дар 34 бозӣ муаллифи 12 гол ва 5 партофти головар гаштааст. Ёдовар мешавем, ки моҳи ҷорӣ бояд чемпионати Чин барқарор шавад, вале бинобар набудани легионерҳо гуфта мешавад, ки бозиҳо ба мавқуф гузошта мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив