LIVE

Моуринё ҳайати “Тоттенҳем”-ро нигоҳ доштанист

Сармураббии “Тоттенҳем” Жозе Моуринё дар равзанаи гузариши зимистона, ки моҳи январ аст, ният надорад, то ба дастааш Калиду Кулибалу, Маруан Феллайни ва Эдин Ҷекоро харидорӣ намояд. Баъди таъин шуданаш ба мақоми сармураббии дастаи Лондони шимолӣ, Моуринё изҳор дошт, ки аз ҳайати дастаи тартибдодаи мутахассиси аргентинӣ Маурисио Почеттино хушаш меояд ва дар моҳи январ ягон бозингари дигарро ба даста ҷалб карданӣ нест. Аммо рӯзноманигорони аврупоӣ баъди таъини Жозе ба ин мақом, овоза шоеъа карданд, ки гӯё Моуринё мехоҳад ба даста чанд бозингарро ба шумули ҳимоятгари “Наполи” Кулибали, нимҳимоятгари “Шандун Лунэн” Феллайни ва ҳамлавари “Рома” Ҷеко ҷалб намояд. Тибқи хабаргузории “Evening Standard”, ин овозаҳо ягон асоси воқеӣ надошта, Моуринё аз президенти бошгоҳи “Тоттенҳем Хотспур” Даниэл Леви чунин дархостро дар равзанаи гузариши зимистона накардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив