LIVE

Премйер-лигаи Англия кай идома мекунад?

Бошгоҳҳои Премйер-лигаи Англия рӯзи 1-уми май бо ташкили конфронси видеоӣ тақдири мавсими футболи солҳои 2019/2020-ро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Дар ин бора сомонаи Goal иттилоъ дод. 
Тавре гуфта мешавад, эҳтимолияти дубора аз сар гирифтани бозиҳо мавҷуд аст ва он рӯзи 8-уми июн оғоз шуда, охири моҳи июл ба анҷом мерасад. Дастаҳо ба таври пурра рӯзи 18-уми май аз реҷаи карантин баромада, ба тамринҳо фаро гирифта мешаванд. 
Дирӯз дастаҳои «Арсенал», «Эвертон» ва «Вест Хэм» ба бозикунони худ иҷозаи омадан ба қароргоҳро доданд.  
Интизор меравад, ки бозиҳо бидуни мухлис сурат мегиранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив