LIVE

Самир Насри дар Дубай гум шудааст

Тими футболи «Андерлехт» бо ниммуҳофизатгари фаронсавӣ - Самир Насри шартномаашро қатъ мекунад. Ин иқдоми роҳбарияти клуби белгиягӣ ба он хотир аст, ки бозигар бидуни иҷозати дастааш ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб сафар намуда, дар замони карантин бенишон гаштааст. Дар ин бора Daily Mail иттилоъ медиҳад. 
Тавре гуфта мешавад, «Андерлехт» аз ҳамаи бозигарони худ талаб кардааст, ки дар замони пандемияи вируси КОВИД-19 дар бораи худ маълумот дода, тамринҳоро мустақилона ба роҳ монанд. Ба ҷуз аз Насри дигарон ин корро анҷом медиҳанд. Баъд аз он, ки ниммуҳофизатгари фаронсавӣ ба АМА сафар кардааст, аз ӯ хату хабаре нест ва охирон маротиба рӯзи 1-уми апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудааст.
Насри бо «Андерлехт» соли 2019 қарордод баст. Ӯ қаблан дар дастаҳои футболи «Марсел», «Арсенал», «Манчестер Сити», «Севиля», «Анталяспор» ва «Вест Хэм» бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив